Р. Раҳимзода: «Аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод хоҳанд шуд, агар…»
Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-«Дар давраи ҳисоботӣ 3 417 ҷинояти вазнин ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин ҳисоб куштор-97 адад, роҳзанӣ-40, ғоратгарӣ-151 адад, таҷовуз ба номус- 57 адад, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ- 123 адад, авбошӣ-1 302 адад, дуздӣ- 3630 ҳолат, инчунин 2458 ҷинояти қаллобӣ ба қайд гирифта шудааст»,- изҳор дошт вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ.
Р. Раҳимзода зикр намуд, ки аз гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор 6 тоннаву 213 кг маводи нашъаовар мусодира шудааст, ки аз ин миқдор 2 тоннаву 806 кг ё 45 фоизро мақомоти корҳои дохилӣ дарёфт ва мусодира кардааст.
Тибқи иттилоъ дар давраи ҳисоботӣ ҳамчунин 7 ҳазору 279 нафар ашхоси нашъаманд ба қайд гирифта шудаанд.
Дар ҷараёни нишасти матбуотӣ дар ҷавоб ба саволи хабарнигорон вобаста ба гурӯҳҳои ифротгароӣ вазири корҳои дохилӣ гуфт, ки дар айни замон зиёда аз 200 нафар шаҳрванди Тоҷикистон дар ин гуна гурӯҳҳои кишварҳои хориҷӣ, хусусан дар бесарусомониҳои сиёсии Сурия иштирок доранд. Ҳамзамон вазир изҳори нигаронӣ карда, илова намуд, ки агар онҳо бо хоҳиши худ аз кирдорҳои ҷинояткоронаашон даст кашида, ба ватан баргарданд, аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод хоҳанд шуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






