Р.Раҳимзода: «Вазифаи ҳар ватандӯст ҳифзи Ватан аст»
Душанбе, 07.01.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).- 6 январ вазири корҳои дохилии ҶТ Рамазон Раҳимзода дар ҷараёни сафари кориаш ба вилояти Суғд аз қисми ҳарбии рақами 3501 қӯшунҳои дохилӣ боздид намуда, бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар қисми мазкур шинос шуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти ВКД ҶТ хабар медиҳад, вазир зимни мулоқот бо сарбозону афсарон зикр намуд, ки вазифаи аввалиндараҷаи ҳар ватанпарвари кишвар иборат аз ҳифзи қаламрави кишвар, иҷрои поквиҷдононаи вазифаи граждании худ ва хидмати садоқатмандона ба Ватан аст.
Рамазон Раҳимзода ба фармондеҳи қӯшунҳои дохилӣ, ҳамчунин роҳбарияти шуъбаи ВКД вилояти Суғд дастур дод, ки шароити хидмати сарбозонро беҳтар намояд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






