Раванди омодасозии мутахассисони баландихтисос дар ДДМ
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав (ДДМ) ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе тибқи Фармони Президенти ҷумҳурӣ соли 2009 бо мақсади такмили минбаъдаи тарбияи кадрҳои баландихтисоси дорои таҳсилоти олӣ ва инкишофи ҳамкориҳои байналмиллалӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ таъсис ёфтааст,- гуфт Абдулҳамид Нозимов, ректори филиали донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов имрӯз, 28-уми январ зимни нишасти матбуотӣ.
Гуфта мешавад, ки омодасозии мутахассисон дар филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов дар Душанбе дар соли 2014 аз рӯи стандартҳои таълимии насли дуюм ва сеюм ба роҳ монда шуда буд.
Дар филиал донишҷӯён аз рӯи шаш равия таҳсил менамоянд, ки ин “Химия, Физика ва механикаи мавод”, “Математикаи амалӣ ва барномасозӣ”, “Геология”, “Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ”, “Муносибатҳои байналхалқӣ” ва “Лингвистика” мебошад.
Дар соли 2014 ба ҷараёни таълими филиал 52 нафар докторони илм ва 153 нафар номзадҳои илм ҷалб шуданд, ки 80 фоизи ҳамаи профессорону устодони филиали Донишгоҳи Маскавро ташкил медиҳад.








15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид






