Рим: 83% корманди полис ба кор ҳозир нашуд

Январь 5, 2015 16:30

       Душанбе,05.01.2015. (АМИТ «Ховар». Иброҳими Ҳабибуллоҳ).-   Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии Би-Би-Си 31-уми декабр 83 дарсади кормандони полиси шаҳри Рим ба ҷойи кор ҳозир нашуд. Сарвазири Италия Матео Ренси дар сомонаи интернетии худ изҳор дошт, ки айбдорони ин ҳодиса ба ҷавобгарӣ кашида шуда, кодекси меҳнат пӯрзур карда мешавад. Бояд зикр намуд, ки шаби соли нав новобаста аз ба кор набаромадани кормандони полис дар шаҳри Рим ягон ҳодисаи нохуш ба қайд гирифта нашудааст. 
Душанбе,05.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Шаби гузашта аъзои гурӯҳи ифротии «Боко Ҳарам» ба пойгоҳи низомӣ, воқеъ дар қисми шимолии Нигерия ҳамла карда, онро зери тасарруфи худ дароварданд. Ҷангиёни гурӯҳи «Боко Ҳарам» бар асари ҳамлаҳои мудҳиш ва харобиовари худ дар минтақаҳои шимолу шарқии Нигерия, Камерун ва Чад хеле фаъол гардида, садҳо нафарро  ба ҳалокат  расонида, ҳазорҳо нафари дигарро бесарпаноҳ мондаанд. 
      Душанбе,05.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Субҳи имрӯз киштии мусофирбар аз бандари шаҳри Саутгемптони Британияи Кабир ба сафар баромада, ба садама дучор омад. Кормандони хадамоти наздисоҳилӣ оҷилан ба мавзеи ҳодиса ҳозир шуда, 25 тан мусофири киштиро наҷот доданд. Барои муайян намудани ҳодисаи мазкур мутахассисон ташвиқот мебаранд.
     Душанбе,05.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Мувофиқи иттилои шабакаи интернетии  Ассошиэйтед пресс Теҳрон ва Вашингтон ба таври муваққат тавофуқ кардаанд, ки Эрон бахши зиёди ураниюми ғанишудаи худро, ки метавонад барои сохтани силоҳи ҳастаӣ истифода шаванд, ба Русия интиқол диҳад. Гуфта мешавад, ки  ин бори аввал нест, ки  ураниюми ғанишуда ба Русия интиқол мешавад. Даври баъдии музокироти миёни тарафҳо дар 15 январи соли равон  дар сатҳи муовинони вазирони умури хориҷӣ сурат хоҳад гирифт.
       Душанбе,05.01.2015. (АМИТ «Ховар»).-Дирӯз дар ҷангалзори шаҳри Аделаиди Австралия сӯхтори шадид ба амал омад. Сӯхтор ба минтақаҳои аҳолинишин доман паҳн намуда, беш аз 30 бинои истиқоматӣ ва 11 гектар бешазорро ба коми худ фурӯ бурдааст. Барои хомӯш кардани сӯхтор ва пешгирӣ кардани он зиёда аз 800 нафар корманди хадамоти оташнишонӣ бо истифода аз воситаҳои техникӣ тайёраю чархболҳо фаъолият доранд. 
 
 

Январь 5, 2015 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст