С. Саинчук: маблағҳои ворид намудаи муҳоҷирон ба Молдова 20 фоиз зиёд гардид
Душанбе, 22.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Дар меҳмонхонаи «Шератон» 21-уми январи соли 2015 дар мавзўи «Таҷрибаи Ҷумҳурии Молдова дар танзими институтсионалии равандҳои муҳоҷират» семинар баргузор гардид.
Дар он муовини якуми вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмин Сангинзода ва муовини вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва оилаи Ҷумҳурии Молдова Серджиу Саинчук, сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев, муовинони вазир аз вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ, роҳбари Созмони Байналмилаии Муҳоҷират дар Тоҷикистон Тайма Курт, сардори Раёсати муҳоҷирати аҳолии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ Моёншо Маҳмадбеков, сармутахассиси шуъбаи муносибатҳои байналмилалӣ, робита бо ҷомеа ва ҳамватанони бурумарзӣ А. Қодирӣ, инчунин масъулони шуъбаву бахшҳои Дастгоҳи марказии Хадамоти муҳоҷират, намояндагони Созмони Байналмилаии Мухочират дар Точикистон (СБМ) иштирок карданд.
Зикр шуд, ки соли гузашта корҳои иттилоотию фаҳмондадиҳӣ бо аҳолии кишвар дучанд зиёд шуда, нисбат ба соли 2013 (217) 324 вохўрӣ зиёд мебошад.
Дар ҷараёни вохўриҳо масъалаҳои қонунгузории нави муҳоҷирати Русия, касбомўзӣ, супоридан имтиҳон (тест) аз забони русӣ, таърих ва асосҳои қонунгузории Федератсияи Русия, гирифтани сертификат, тартиби дуруст пур кардани варақаҳои муҳоҷиратӣ ва бе хато баён кардани мақсади сафар ҳангоми ворид шудан ба қаламрави дигар мамлакат, расмигардонии будубоши худ ва сари вақт гирифтани патент, гузаштан аз муоинаи тиббӣ ва риоя кардани қонунгузории давлати қабулкунандаи муҳоҷирон, ҳимояи ҳуқуқҳои худ ва дар сурати поймол гардидани он муроҷиат кардан ба Намояндагии вазорат дар Федератсияи Русия, Сафорат ва консулгариҳо дар хориҷа, зарурати гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ барои амалӣ намудани сафари бобарор, риояи қонунгузорӣ ва рафтори бомаърифат дар кишвари будубош, доир ба сабабҳои манъ кардани воридшавӣ ба ҳудуди Федератсияи Русия ва дигар масъалаҳо мавриди муҳокима қарор дода шуданд.
Хадамоти муҳоҷират доир ба навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Русия дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ 280000 адад буклетро чоп карда, ҳангоми қабул ва вохўриҳо бо аҳолии кишвар дастрас намуданд.
Тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, дар соли 2014 нисбат ба соли 2013 аз 7 нишондиҳандаи асосӣ дар самти муҳоҷирати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6-тои он беҳтар гардидааст, аз қабили: патент гирифтанд — соли 2014- 420804 нафар (соли 2013-327059), қарор оид ба берун шудан (выдворение) — соли 2014 — 126 нафар (соли 2013 -1004), қарор оид ба рондан (депортация) — соли 2014 — 15 нафар (соли 2013-56), ба ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ роҳ доданд — соли 2014 — 229258 нафар (соли 2013-337638), ҷиноят содир карданд шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — соли 2014 — 4280 нафар (соли 2013-6957), ҷиноят содир шуд нисбат ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон — соли 2014 — 1441 нафар (соли 2013-1934).
Танҳо нишондиҳандаи 7-ум манфӣ мебошад, зеро соли 2014 ҳамагӣ 142000 нафар шаҳрванди кишварамон аз ҷониби кордиҳандаи Русия тавассути шартномаи меҳнатӣ ба кор қабул гардида, иҷозат барои кор гирифтанд, ки ин нисбат ба соли 2013 (185750) — 43750 адад кам мебошад. Чунин рақам тасдиқи он аст, ки сатҳи маълумотнокии шаҳрвандони мо ба талаботи бозори меҳнати хориҷӣ пурра ҷавобгўй нест ва кордиҳанда дар баъзе мавридҳо аз бастани шартномаи расмӣ худдорӣ мекунад.
Дар ҷараёни машварат Серджиу Саинчук муовини вазири меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва оилаи Ҷумҳурии Молдова зикр намуд, ки қариб 330 ҳазор шаҳрванди ин кишвар ба мамлакатҳои дигар, аз ҷумла ба Русия ва Аврупо муҳоҷират кардаанд. Вай ҳамчунин таъкид намуд, ки дар соли 2013 ҳаҷми маблағҳои ворид намудаи муҳоҷирон ба Молдова 1,6 миллиард долларро ташкил додааст, ки нисбат ба солҳои қаблӣ 20% зиёд мебошад.
Дар фарҷом байни иштирокчиёни семинар доир ба таҷрибаи кишвари Молдова дар самти муҳочирати меҳнатӣ саволу ҷавоб сурат гирифт.