С. Тағойзода: зиёда аз 12 млн. сомонӣ қарзи имтиёзнок барои соҳибкорон
Душанбе, 15.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- “Бо мақсади мусоидат барои дарёфти ҷойи кори муносиб ба шаҳрвандон аз ҷониби мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 685 ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод гузаронида шуда, 5050 нафар корҷўй соҳиби ҷойи кор гардида, ба 5346 нафар роҳхат барои касбомўзӣ дода шуда, 1856 нафар ба иҷрои корҳои ҷамъиятии музднок сафарбар гардиданд. Бевосита тавассути ташкил ва баргузории ярмаркаҳои ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод 12252 нафар шаҳрванди бекор ва корҷўй ба намудҳои гуногуни шуғл ҷалб шуданд”,-гуфт вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағойзода имрӯз, 15 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Дар ин давра аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳо 251570 адад ҷойи корӣ таъсис дода шуд, ки аз ин 83029 адад (33,0%) ҷойи кории доимӣ, 84910 адад (33,2%) ҷойи кории муваққатӣ ва 83631 адад (33,2%) ҷойи кории мавсимиро ташкил медиҳанд.
Бино ба иттилои С. Тағойзода вазорат бо мақсади дастгирии шаҳрвандони бекор барои рушди фаъолияти соҳибкорӣ ба 3751 нафар шаҳрвандон 12 миллиону 706 ҳаз.686 сомонӣ қарзҳои имтиёзнок пардохт намуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013 мутаносибан 57 нафар ва 794 ҳаз.939 сомонӣ зиёд буда, нисбат ба дурнамои барнома ин нишондод 121,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар ин давра ба 2127 нафар занону духтарони бекор дар ҳаҷми 7 миллиону 204 ҳаз.691 сомонӣ ва ба 1410 нафар ҷавонони бекор ба андозаи 4 млн.777 ҳаз.714 сомонӣ кумаки молиявӣ пардохт гардид, ки дар таносуб ба ҳамин давраи соли 2013 аз ҳисоби занон 237 нафар ва аз ҳисоби ҷавонон 53 нафар зиёд мебошад.
“Ҳамзамон дар ин давра аз ҷониби шаҳрвандон 12 млн. 521 ҳаз.882 сомонӣ аз қарзҳои имтиёзнок баргардонида шуд, ки дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2013-ум (11.194.957) 1 млн. 326 ҳаз.925 сомонӣ зиёд мебошад”,-илова намуд вазир.








Имрӯз дар доманакӯҳҳои Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Дар Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе ду маркази нави илмӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд






