Санҷиши сатҳи донистани забони давлатӣ ифтихор аст, на таҳқир!

Январь 20, 2015 16:31

(Вокуниш ба андешаи Файзинисо Воҳидова)
Душанбе, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар»). — Адвокат Файзинисо Воҳидова дар мусоҳибааш зери унвони «Санҷиши донистани забони давлатӣ таҳқир аст»  парлумони кишварро ниҳоди шахшуда ва санҷиши донистани забони давлатиро аз ҷониби номзадҳо таҳқир ҳисобидааст. 
Ӯ қайд кардааст, ки “ҷорӣ шудани санҷиши донистани забони давлатӣ барои номзадҳо ба вакилӣ дар парлумон таҳқири намояндагони мардумӣ аст, ки дар Тоҷикистон кору зиндагӣ мекунанд”
Муҳтарама Файзинисо Воҳидова! Ин ақидаи Шумо беасос ва хилофи қонун аст. Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон” муқаррар кардааст, ки  номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Мҷлиси Олӣ  бояд забони давлатиро донанд. Ин талаботи Қонунро Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ ба роҳбарӣ гирифта, санҷиши сатҳи донистани забони давлатиро барои номзадҳо роҳандозӣ намуд. Шумо ҳуқуқшинос ҳастед ва аз қонунҳои кишвар хуб бохабаред. Мувофиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад ва коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад. Чаро ин меъёрҳои қонунро нодида мегиред ва дар ин масъала  мардумро ба иштибоҳ мебаред. Шахсе, ки забони давлатиро намедонад, чӣ гуна қонун таҳия мекунад? Илова бар ин, таҷрибаи санҷиши сатҳи забони давлатиро донистани номзадҳо на танҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, балки дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон мавҷуд аст. Чаро мардуми дигар давлатҳо аз он хуш пазироӣ мекунанду Шумо онро таҳқир меҳисобед?
 
 
 

Январь 20, 2015 16:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!