Саридораи геология: суръати афзоиши корҳо-112%

Январь 6, 2015 12:03

Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).- Саридораи геология мутобиқи «Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020»,  ки бо қарори Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, фаъолиятро ба роҳ монда, дар объектҳои  металҳои сиёҳ, металҳои ранга, металҳои қимматбаҳо, канданиҳои фоиданоки ғайриметалӣ, ашёи сангҳои худҷило ва ороишӣ, ашёи радиоактивӣ, гидрогеология, геологияи муҳандисӣ ва геоэкология, геофизикӣ, мавзӯй, объекти нигоҳдорӣ корҳои геологиро иҷро намудааст,-иброз дошт Ҷумъазод Мурод Хол, сардори Саридораи геологияи тоҷик  имрӯз, 6 январ зимни ҳисоботи солонаи хеш ба хабарнигорон.
Ба гуфтаи мавсуф, Саридораи геология дар соли 2014 аз ҳисоби буҷети давлатӣ аз рӯи 31 лоиҳа ба маблағи  беш аз 9 млн сомонӣ, аз ҳисоби шартномаҳо аз рӯи 160 лоиҳа дар ҳаҷми беш аз 12 млн сомонӣ, аз ҳисоби корҳои пудратӣ ба маблағи  беш аз 17 ҳазор сомонӣ ва дар маҷмӯъ бо усули хоҷагидорӣ ба маблағи 21 млн сомонӣ, ё худ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта ба маблағи беш аз 2 млн сомонӣ зиёд корҳоро анҷом дода, суръати афзоишро ба 112 дарсад расонидааст. 
 
 
 
 

Январь 6, 2015 12:03

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид