Семинарҳои омӯзишии КМИР бо масъулини комиссияҳои ҳавзавӣ
Душанбе, 02.01.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз, 2 январи соли 2015 бо ташаббуси Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки раисон, муовинон ва котибони комиссияҳои ҳавзавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, комиссияҳои вилоятӣ, шаҳрӣ ва ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дар аксарияти минтақаҳои ҷумҳурӣ семинарҳои омӯзишӣ баргузор гардиданд. Аз ҷумла, имрӯз чунин семинари омӯзишӣ дар шаҳри Душанбе низ доир гардид.
Аз маркази матбуоти КМИР ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ки дар семинари омӯзишӣ масъалаҳои омодагӣ ба интихоботи дарпешистода, аз ҷумла иҷрои саривақтии ваколатҳои комиссияҳои интихоботӣ, ки аз қонунгузорӣ бармеоянд, ташкили комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, комиссияҳои участкавии интихобот оид ба интихоботи вакилони маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, омодагиҳо ба маъракаи тартиб додани рӯйхати интихобкунандагон дар ҳар участкаҳои интихоботӣ, инчунин масъалаҳои бақайдгирии номзадҳо ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҳавзаи якмандатии интихобот ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Зикр кардан ба маврид аст, ки ҳадаф аз баргузории чунин чорабиниҳо омодагии ҷиддӣ ба баргузории интихоботи шаффофу озод, демократӣ ва мутобиқ ба талаботи қонунгузории амалкунандаи ҷумҳурӣ мебошад.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






