Ш.Саид К.Такаширо ба фаъол намудани ҳамкориҳо даъват намуд
Душанбе, 09.01.2015. (АМИТ «Ховар», Покизаи Шодмон).- 7 январ дар шаҳри Душанбе мулоқоти раиси ПСС ҶТ Шариф Саид бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷопон дар ҶТ Камади Такаши баргузор гардид.
Тавре ки аз маркази матбуоти ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, зимни мулоқот табодули судманди афкор перомуни масоили мубрам ва дурнамои ҳамкории тиҷоратию иқтисодии ҳар ду кишвар баргузор шуд. Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин масоили рушди муносибатҳо дар бахшҳои неруи барқ, истихроҷи маъдан, саноати сабук ва нассоҷӣ, технологияҳои муосир, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, дорусозӣ, маориф ва сайёҳӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Ҷонибҳо ба рушду таҳкими муносибатҳо дар соҳаи савдо, ҷалби сармояҳои Ҷопон, дастгирии бахши инфиродӣ, бунёди корхонаҳои муштарак ва истифодаи технологияҳои нав таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд.
Масоили ташкили намоишгоҳ — ярмаркаи маҳсулоти Ҷопон ва технологияҳои муосири ин кишвар дар шаҳри Душанбе, ҳамоиши аҳли тиҷорат ба манзури мусоидат ба рушду густариши равобити дуҷониба ва ҳамкории иқтисодии байни соҳибкорони ҳар ду кишвар дар маркази таваҷҷуҳ қарор доштанд.
Дипломати Ҷопон дар навбати худ омодагиашро ба таҳкими ҳамкории соҳибкорон, рушди муносибатҳои дуҷонибаи тиҷоратию инвеститсионӣ иброз дошт.
Шариф Саид зикр намуд, ки ПСС ҶТ омодааст, ки иттилооти муфассалро дар бораи вазъи сармоягузорӣ ва имкониятҳои инвеститсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин иттилооти дигари заруриро манзури ҷониби Ҷопон намояд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






