Ш. Соҳибов: камбудиҳо ҳоло зиёданд

Январь 23, 2015 14:21

Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Аз буҷети ҷумҳуриявӣ ба буҷетҳои маҳаллӣ субвенсия ба маблағи 797,5 млн.  сомонӣ ё ин ки 99,3 фоизи нақша, бо роҳи ҳисобии байниҳамдигарӣ 1,6 млн. сомонӣ, барои вазифаҳои пойтахт 11,0 млн. сомонӣ, қарзи кӯтоҳмуддат 24,0 млн. сомонӣ, ҷамъ ба маблағи 834,1 млн. сомонӣ ҷудо  шудааст.   Ин нуктаро муовини вазири молия Шавкат Соҳибов имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ироа намуд. 
Муовини вазир зикр кард, ки дар давраи сипаригардида барои рушди соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат аз ҳисоби Фонди захиравии Президенти ҶТ 217,7 млн. сомонӣ, аз ҳисоби Фонди хароҷоти пешбининашудаи Ҳукумати ҶТ 55,0 млн. сомонӣ ва аз ҳисоби дигар захираҳои буҷетӣ 215,5 млн. сомонӣ, ҷамъ 488,2 млн. сомонӣ маблағҳои иловагӣ равона гардидаанд. 
«Вале новобаста аз натиҷаҳои бадастомада ва таъмини барзиёди қисми даромади буҷет, ҳоло ҳам дар ин самт як силсила камбудиҳо ҷой дошта, на ҳамаи захираҳои мавҷудаи молиявӣ ба буҷет пуррра ворид  шудаанд»,- гуфт Ш. Соҳибов. 
 

Январь 23, 2015 14:21

Хабарҳои дигари ин бахш

ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд