Шартнома барои гузаронидани ярмаркаи таҳсилотии донишгоҳҳои Русия
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дар соли 2014 филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе таҳкими пояҳои ҳуқуқии муносибатҳои байналмилалиро бо донишгоҳҳои хориҷӣ идома дод. Дар натиҷаи корҳои ба анҷомрасида шартномаҳои ҳамкорӣ бо шаш донишгоҳи Туркия, Италия ва ИМА ба имзо расиданд.
Ба иттилои манбаъ, дар филиал барои гузаронидани Ярмаркаи таҳсилотии донишгоҳҳои Русия шартномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд. Дар филиал инчунин ҷаласаи сеюми сиёсатшиносии “Шимол-Ҷануб”-и донишгоҳи Маскав оид ба рушди муносибатҳои илмию иттилоотӣ бо кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Аврупою Осиё ва дигар давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ташкил шуд.
Гуфта мешавад, ки донишҷӯёни бахшҳои ниҳоии равияи “Муносибатҳои байналмилалӣ” иштирокунандагони ин клуб мебошанд ва дар давоми сол филиалро дар давлатҳои Русия, Беларус, Қазоқистон ва Қирғизистон намояндагӣ карданд.
Ҳоло дар филиал 8 нафар донишҷӯи хориҷӣ таҳсил менамояд, ки 1 нафар аз Русия, 4 нафар аз Чин, 1 кас аз Қазоқистон, 1 нафар аз Кореяи Ҷанубӣ мебошад. Мутобиқи шартномаи дуҷонибаи табодули донишҷӯён дар филиал 1 нафар донишҷӯи Донишгоҳи давлатии техникии нефти Уфа таҳсил дорад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа






