Шиносоии Қ. Расулзода бо корҳои роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода
Душанбе, 19.01.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Бо дастури Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ҷараёни татбиқи лоиҳаи тармиму навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон шинос шуд. Боздид аз мавзеи оғози лоиҳа то нуқтаи ниҳоии роҳи мазкур сурат гирифт.
Лоиҳаи мазкур беҳсозии ҳолати 57 км роҳи мошингарди минтақавиро дар бар гирифта бо ҳиссагузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёгии Рушд амалӣ мешавад. Мувофиқи лоиҳа роҳи мазкур барои ҳаратакати чорхаттаи нақлиёт бо паҳноии 25,5 метр мутобиқ гардонида шуда, ҳамзамон бунёд ва барқарорсозии нуҳ адад кӯпрукҳои хурду бузургро дар бар мегирад. Татбиқи пурраи лоиҳа бо фарогирии корҳои чароғоннамоӣ ва хуррамгардонии канорҳои роҳ моҳи июни соли равон дар назар дошта шудааст.
Тавре ки таъкид шуд, ҳарчанд қисмати зиёди корҳои навсозии роҳ ба анҷом расидаанд, вале сифати корҳои иҷрошуда ҷавобгўй ба меъёрҳои ҷаҳонӣ набуда, ислоҳталаб мебошанд. Аз роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ва беҳтар гардонидани сифати корҳое, ки дар қитъаҳои алоҳидаи роҳ анҷом дода шудаанд, талаб шуд.
Роҳбарияти шаҳру ноҳияҳое, ки роҳи мошингард аз қаламравашон мегузарад, вазифадор гардиданд, то пурра анҷом ёфтани татбиқи лоиҳа барои вусъати корҳои ободонӣ ва хуррамгардонии мавзеъҳои канорҳои роҳ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ситоди корӣ таҳти раёсати Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода вобаста ба таъмини иҷрои саривақтии дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти вазорату идораҳои дахлдор, роҳбарони шаҳру ноҳияҳои дар қаламрави лоиҳа ҷойгирбуда ва дигар масъулону мутахассисони соҳа вазифадор шуданд, ки иҷрои ҳама корҳои нақшавӣ ва иловагиро бо сифати баланд таъмин намуда, амалисозӣ ва пешбурди корҳои ободонию созандагӣ ва хуррамгардонии ҳудуди фарогирандаи лоиҳаро сари вақт таъмин намоянд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






