Шиносоии А. Иброҳим бо корҳои навсозии роҳи Душанбе-Турсунзода
Душанбе, 21.01.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳим бо ҷараёни корҳои навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекистон шинос шуд.
Зимни шиносоӣ таваҷҷуҳи асосӣ ба масъалаи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта дар корҳои тармиму навсозии роҳ, беҳтаргардонии сифати корҳои пешбинишуда ва вусъати корҳои ободонию сабзазоркунии ду канори роҳ зоҳир шуд.
Роҳбарону масъулини шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Рўдакӣ, Ҳисор ва Шаҳринав, ки татбиқи лоиҳаи навсозии роҳ дар ҳудуди ин шаҳру ноҳияҳо амалӣ мешавад, барои ба тартиб даровардани ду канори роҳ, ташкили партовгоҳхо ва вусъати корҳои ободонию хуррамгардонии қисматҳои алоҳидаи роҳи мазкур дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои худ вазифадор шуданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






