Соли 2014 ММД ба 6,7 фоиз баробар шуд
Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- «Натиҷаҳои ҷамъбасти рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат нишон медиҳад, ки дар соли 2014 ҳаҷми Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ бо афзоиши реалии 6,7 фоиз ба 45,6 млрд.сомонӣ баробар гардидааст, ки ин нисбат ба соли 2013 -5,1 млрд. сомонӣ ё 12,5 фоиз бо ҳисоби номиналӣ зиёд шудааст»,- гуфт муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Шавкат Соҳибов имрӯз, 23 январ зимни нишасти матбуотӣ.
Гардиши савдои хориҷӣ дар соли 2014 -5,3 млрд. доллари ИМА-ро ташкил дода, нисбат ба соли 2013 ба маблағи 31,5 млн. доллари ИМА ё 6,6 фоиз зиёд гардидааст. Ҳиссаи содирот ба 977,4 млн. доллари ИМА ва ҳиссаи воридот ба 4,3 млрд. доллари ИМА баробар гардидааст.
«Индекси нархҳои истеъмолӣ, яъне меъёри таваррум, дар соли 2014 -7,4 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2013 ба андозаи 3,7 банди фоиз зиёд шудааст. Бо болоравии сатҳи таваррум асосан тағйироти нархи молҳои озуқаворӣ 1,0 фоиз таъсир расонид»,- илова намуд муовини вазир.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст






