Соли 2015 беш аз 25 фоизи муҳоҷирон тарки Русия мекунанд

Январь 13, 2015 11:47

Душанбе,  13.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Лайло  Тоирӣ).- Мувофиқи  маълумоти Хадамоти  муҳоҷирати Вазорати  меҳнат,  муҳоҷират  ва  шуғли  аҳолии  Тоҷикистон,  аз  10  январ  дар  Русия  тағйироти  қонунҳои  муҳоҷират  эътибор  пайдо намуда,  манъи  мухталифи  сафари  муҳоҷирони  қонуншикани  хориҷӣ ба  мавқеи  иҷро  мерасад.
Тавре ки Хадамоти  муҳоҷирати  Тоҷикистогн  хабар  медиҳад, мутобиқи  ҳуҷҷати сомонаи  иттилооти  ҳуқуқӣ гузаштани мӯҳлати 120  рӯзаи  сукунат дар Федератсияи  Русия  боиси  манъи  сафар   ба  ин  кишвар  барои  муддати  се  сол  мегардад. Барои  сукунати ғайриқонунӣ  дар  ҳудуди  Русия  тайи  беш  аз  270  рӯз  сафар  ба  ин  кишвар  барои   муддати  5  сол  қатъ  мешавад. Онҳое, ки   дар   Русия  хилофи  қонун  беш  аз  як  сол  зиндагӣ  мекунанд,  ҳаққи  тайи  10  сол  ба  ин  кишвар омаданро  надоранд.
Мувофиқи  суханони   роҳбари Хадамоти федералии  муҳоҷират Константин  Ромодановский,  хадамоти  мазкур  дар  ибтидои  соли  2015 баробари  қариб  70  фоиз  коҳиш додани   сафари  муҳоҷирон  ба  Русияро  дар  назар  дорад. Ба  гуфтаи  номбурда,  теъдоди  мусофирони  тамоми  Осиёи  Марказӣ, ба  истиснои  муҳоҷирони  Қирғизистон,  коҳиш  ёфтааст. 
Ёдовар  мешавем, ки  мутобиқи  қонуни  нав барои  гузаштани  мӯҳлати  будубоши қонунӣ сафар ба  Федератсияи  Русия тайи  10  сол  барои  беш  аз  1  миллион  нафар  хориҷиён  қатъ мегардад. Тайи  2  соли  охир  барои қонуншиканиҳои  маъмурӣ ё риоя  накардани  тартиби  сукунат  дар  Русия  сафари  беш  аз  1,2  миллион  нафар   шаҳрвандони  хориҷӣ  манъ  шудааст.
Ёдовар  мешавем, ки  қонуни  зикршударо  31  декабри соли 2014 Президенти  ФР  Владимир  Путин  имзо  карда буд.

Январь 13, 2015 11:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
33-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳро дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон таҷлил намуданд
Худшиносии миллӣ-меҳвари суботи стратегии давлат. Андешаҳо дар ин маврид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 20 феврал, ҷумъа, 51-умин рӯзи соли 2026 аст