Соли 2015 беш аз 25 фоизи муҳоҷирон тарки Русия мекунанд
Душанбе, 13.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Мувофиқи маълумоти Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, аз 10 январ дар Русия тағйироти қонунҳои муҳоҷират эътибор пайдо намуда, манъи мухталифи сафари муҳоҷирони қонуншикани хориҷӣ ба мавқеи иҷро мерасад.
Тавре ки Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистогн хабар медиҳад, мутобиқи ҳуҷҷати сомонаи иттилооти ҳуқуқӣ гузаштани мӯҳлати 120 рӯзаи сукунат дар Федератсияи Русия боиси манъи сафар ба ин кишвар барои муддати се сол мегардад. Барои сукунати ғайриқонунӣ дар ҳудуди Русия тайи беш аз 270 рӯз сафар ба ин кишвар барои муддати 5 сол қатъ мешавад. Онҳое, ки дар Русия хилофи қонун беш аз як сол зиндагӣ мекунанд, ҳаққи тайи 10 сол ба ин кишвар омаданро надоранд.
Мувофиқи суханони роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷират Константин Ромодановский, хадамоти мазкур дар ибтидои соли 2015 баробари қариб 70 фоиз коҳиш додани сафари муҳоҷирон ба Русияро дар назар дорад. Ба гуфтаи номбурда, теъдоди мусофирони тамоми Осиёи Марказӣ, ба истиснои муҳоҷирони Қирғизистон, коҳиш ёфтааст.
Ёдовар мешавем, ки мутобиқи қонуни нав барои гузаштани мӯҳлати будубоши қонунӣ сафар ба Федератсияи Русия тайи 10 сол барои беш аз 1 миллион нафар хориҷиён қатъ мегардад. Тайи 2 соли охир барои қонуншиканиҳои маъмурӣ ё риоя накардани тартиби сукунат дар Русия сафари беш аз 1,2 миллион нафар шаҳрвандони хориҷӣ манъ шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қонуни зикршударо 31 декабри соли 2014 Президенти ФР Владимир Путин имзо карда буд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






