Соли 2015 на кам аз 200 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё мешавад
Душанбе, 23.01.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Таъсиси ҷойҳои нави корӣ аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат мебошад. Соли 2014 дар кишвар беш аз 252 ҳазор ҷойи нави кории доимӣ, муваққатӣ ва мавсимӣ таъсис дода шуд. Соли 2015 бояд на кам аз 200 ҳазор ҷойи нави корӣ муҳайё шавад. Ин нуктаро имрӯз 23 январ дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд
Ҳукумати Тоҷикистон, роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки якҷо бо бахши хусусӣ ҷиҳати вусъат бахшидани ҷараёни таъсиси ҷойҳои нави корӣ мунтазам чораҷӯӣ намоянд.
«Тибқи супориши Роҳбари давлат дар литсею коллеҷҳо, марказҳои таълими калонсолон, баъзе муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои таълимии кӯтоҳмуддати бахши хусусӣ ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор нафар шаҳрванд аз курсҳои касбомӯзӣ гузашта истодаанд ва зарур аст, ки ин раванд дар оянда низ идома дода шавад»,-илова намуд Сарвари давлат .








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






