Суғд: ҳалокати 125 кас дар садамаҳои нақлиётӣ

Январь 6, 2015 10:58

Хуҷанд, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар соли 2014 дар роҳҳои мошингарди шимоли кишвар назар ба соли 2013 шумораи садамаи нақлиётии бо фавт анҷомида 2 ҳодиса афзудааст. 
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилояти Суғд  иттилоъ доданд, гарчанде сатҳи садаманокӣ дар роҳҳои дохили вилоят назар ба соли 2013 ба 18 ҳолат ва дар ин замина, инчунин шумораи  шахсони фавтида ва осебдида дар садамаҳо дар навбати худ 16 ва 20 нафар кам шуд, аммо шумораи садамаҳои бо фавт анҷомида 2 адад зиёд шуд. 
Ба гуфти манбаъ, соли гузашта шумораи садамаҳои роҳу нақлиётӣ асосан дар шаҳру ноҳияҳои зерин, чун Истаравшан, Панҷакент, Конибодом, Исфара, Ашт, Спитамен, Ғончӣ ва Бобоҷон Ғафуров кам шудаанд. 
Дар маҷмӯъ мувофиқи таҳлилҳои расмӣ дар давоми 12 моҳи соли 2014 дар роҳҳои мошингарди қаламрави вилоят 358 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуд, ки бар асари он 125 кас ҳалок гардида, 367 нафар  ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт.
 

Январь 6, 2015 10:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст