Суғд: 460 ҷинояти коррупсионӣ ошкор гардид

Январь 29, 2015 08:00

Хуҷанд, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар соли 2014 дар шимоли кишвар аз тарафи кормандони Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ дар вилояти Суғд 460 (соли 2013-ум — 427) ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодие, ки хусусияти коррупсионӣ дошт, ошкор шуд, ки аз шумораи умумӣ 83 ададашро ҷинояти вазнин ташкил медиҳад. Ин нукта зимни баргузории нишасти матбуотӣ аз тарафи роҳбари агентии мазкур дар Суғд Музаффар Аҳмадов зикр гардид. 
Ба гуфти манбаъ, дар ин давра бештари ҷиноятҳои коррупсионӣ аз ҷониби кормандони соҳаи кишоварзӣ 16 ҷиноят (соли 2013-ум — 10) нисбат ба 13 нафар, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ — 71 ҷиноят (соли 2013 — 25) нисбат ба 30 нафар, кормандони соҳаи бонкӣ — 63 ҷиноят (соли 2013 — 55) нисбат ба 38 нафар, кормандони соҳаи нақлиёт — 16 ҷиноят (соли 2013 — 7) нисбат  ба 15 нафар, кормандони соҳаи тандурустӣ — 30 ҷиноят (соли 2013 — 16) нисбат ба 25 нафар, кумитаи заминсозӣ — 12 ҷиноят (соли 2013 — 7) нисбат ба 12 нафар, кормандони соҳаи маориф — 36 ҷиноят (соли 2013 — 37) нисбат ба 33 нафар дар ҳудуди вилоят содир гардидаанд.
Ғайри ин, аз тарафи кормандони шуъбаи минтақавии раёсат дар водии Зарафшон — 56 (соли 2013-ум — 50) ва кормандони шўъбаи нақлиёт дар вилояти Суғд — 38 (соли 2013-ум — 26) ҷиноят ошкор  шуданд. 
Ба гуфти М.Аҳмадов, дар давраи ҳисоботӣ дар ҳудуди вилоят дар 246 ташкилот, муассисаву корхонаҳо тафтишу санҷишҳои молиявӣ гузаронида шудаанд, ки дар натиҷаи он ба маблағи 50 849 313 (соли 2013-ум — 35,1 миллион) сомонӣ зарару камбудиҳои молиявӣ ошкор гардида, маблағи 39 млн 945 ҳазору  640,67 (соли 2013 — 25,1миллион) сомонӣ дар ҳисоби буҷет ва корхонаҳо барқарор  шудааст.
Инчунин аз тарафи кормандони раёсат дар давраи мазкур вобаста ба пешгирию ошкоркунии хариду фурўши ғайриқонунии замин ва дигар омилҳои коррупсионии алоқаманд бо истифодаи замин — 66 (соли 2013-ум — 26) ҷиноят ошкор ва ба қайд гирифта шуд.
 
 
 
 
 

Январь 29, 2015 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид