Суғд: 70 нафар хатмкунанда-соҳиби шаҳодатнома

Январь 20, 2015 10:06

Хуҷанд, 20.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Ҳафтаи гузашта дар вилояти Суғд 70 нафар духтар соҳиби шаҳодатномаи хатми марказҳои омӯзишӣ аз Кумитаи Имдод гардид. Тавре ки ба хабарнигори  АМИТ “Ховар” роҳбари бахши суғдии Кумитаи Имдоди имом Хумайнии ҶИЭ дар Тоҷикистон Фирдавс Ашурматов иттилоъ дод, 16 январи соли ҷорӣ  30 нафар донишандӯзи маркази  дӯзандагӣ, воқеъ дар шаҳри Истиқлол  ва  40 нафар дар ноҳияи Мастчоҳ соҳиби гувоҳномаҳои хатм гашт. 
Ба гуфти манбаъ, аз оғози фаъолияти марказҳои дӯзандагӣ дар шаҳри Истиклол наздик ба 400 нафар ва дар ноҳияи Мастчоҳ наздик ба 500 нафар духтаракону занони деҳот соҳибкасб шуданд.   
Ҳамзамон роҳбари кумитаи мазкур дар Суғд илова намуд, ки кумита дар ҳамдастӣ бо мақомоти маҳаллии ин ду минтақа ният дорад дар муддати наздик   коргоҳҳои гилембофӣ ва сӯзанидӯзиро низ роҳандозӣ намояд ва ба ин васила баҳри эҳёи анъанаҳои миллӣ ва бо кори доимӣ таъмин намудани духтаракон ва занони ин шаҳру ноҳия мусодат намояд. Алъон дар ин ҷода роҳбарияти шаҳри Истиклолу ноҳияи Мастчоҳ ва роҳбари бахши суғдии ин кумита ба мувофиқа расидаанд.   

Январь 20, 2015 10:06

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд