Суғд: дуввумин ҳолати заҳролудшавӣ аз оғози сол

Январь 23, 2015 10:56

Хуҷанд, 23.01.2015. (АМИТ Ховар, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд боз як оилаи ҷавон дар паи истифодаи  ангишт заҳролуд  гаштааст. Тавре ки ба  хабарнигори АМИТ Ховар корманди  РВКД ҶТ дар вилояти Суғд М.Юсупов иттилоъ дод, ҳодисаи мазкур шаби 20 ба 21 январ ба вуқӯъ омадааст. Ба иттилои манбаъ, ҷавони 24- сола Аҳадчон Ҳоҷибоев ва ҳамсари ӯ Ӯғулой Ҳоҷибоеваи 20- соларо, ки ҳарду сокинони ноҳияи Конибодом, ҷамоати деҳоти Ҳамробоев, деҳаи Кучкак мебошанд,  наздиконашон саҳарии 21 январ дар ҳолати беҳушӣ, яъне заҳролудшавӣ аз бӯи ангишт  дарёфт намудаанд. 
Пас аз дастрас намудан ба бемористони ноҳиявӣ ҳамсари ҷавон Аҳадчон Ҳоҷибоев аз сабаби зиёд будани заҳролудшавӣ ба худ наомада фавтидааст. Ҳамсараш алъон дар шуъбаи эҳё мебошад.  
Бояд зикр кард, ки дар шимоли кишвар аз оғози соли 2015 ин аллакай дувумин ҳодисаи заҳролудшавии оилаи ҷавон  ба шумор меравад. 

Январь 23, 2015 10:56

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид