Суғд: маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ- зиёда аз 304 млн. сомонӣ
Хуҷанд,05.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар шимоли кишвар дар соли нави 2015 мутобиқ ба буҷаи барои соли 2015 пешниҳод гардида, ба соҳаи тандурустӣ назар ба соли 2014 маблағгузорӣ дар ҳаҷми 75,7 млн. сомонӣ зиёд, пешбинӣ шудааст.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” аз Раёсати тандурустии вилоят иттилоъ доданд, барои соли 2015 аз ҷониби вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд барои қисми даромади буҷети вилоят 1 миллиарду 292 миллиону 850 ҳазор сомонӣ қабул шуд, ки аз он 304,3 миллион сомонӣ барои соҳаи тандурустӣ пешниҳод шудааст.
Ба гуфти манбаъ дар соли 2014 аз буҷаи вилоятӣ ба соҳаи мазкур 228,6 млн. сомонӣ ҷудо гардид, ки дар ин замина баҳри таъмиру тармими муассисаҳои тандурустии шаҳру ноҳияҳои вилоят 7,9 млн. сомонӣ маблағи иловагӣ ҷудо гардида, он ба пардохти музди маоши кормандони соҳа ва таъмиру тармими муассисаҳои тиббӣ дар якчанд шаҳру ноҳияи вилоят истифода бурда шуд.
Ҳамчунин бо маблағи 1 млн. сомонӣ аз буҷети вилоят ба муассисаҳои тандурустии 10 шаҳру ноҳияи вилоят таҷҳизоти тиббӣ харид ва дастрас гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






