Суғд: Натиҷагирии фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зист
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-5 январи соли 2015 дар Маркази бозомўзии шаҳри Қайроққум ҷаласаи ҷамъбастӣ бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, кормандони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоят баргузор гардид.
Дар ҷаласа сардори раёсат А. Бобоҷонзода оид ба бурду бохти фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра барои пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда ба натиҷаҳои хуб муваффақ гардиданд. Фаъолияти хуби бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент ва Спитамен дар соли 2014 таъкид шуд.
Сипас раиси кумита фаъолияти шуъбаву бахшҳои раёсатро мусбат арзёбӣ намуда, бобати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳо дод.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






