Суғд: Натиҷагирии фаъолияти Раёсати ҳифзи муҳити зист

Январь 6, 2015 15:03

Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ «Ховар», Назири Назир).-5 январи соли 2015 дар  Маркази бозомўзии шаҳри Қайроққум ҷаласаи ҷамъбастӣ бо иштироки раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Ибодзода, кормандони шуъбаву бахшҳои ҳифзи муҳити зисти вилоят баргузор гардид. 
Дар ҷаласа сардори раёсат А. Бобоҷонзода оид ба бурду бохти фаъолият дар соҳаи ҳифзи муҳити зист сухан гуфта, аз ҷумла изҳор дошт, ки дар ин давра барои пешгирии қонуншиканӣ ва таъмини риояи қонуну қоидаҳои қабулгардида нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда  ба натиҷаҳои хуб  муваффақ гардиданд. Фаъолияти хуби бахшҳои ҳифзи муҳити зисти шаҳру ноҳияҳои Ашт, Панҷакент ва Спитамен дар соли 2014 таъкид шуд. 
Сипас раиси кумита фаъолияти шуъбаву бахшҳои раёсатро мусбат арзёбӣ  намуда, бобати ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта ба масъулин дастуру супоришҳо дод.
 

Январь 6, 2015 15:03

Хабарҳои дигари ин бахш

15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид