Суғд: вуруди 787 мавод ба шуъбаи Шўрои адлия
Душанбе, 29.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Мавҷуда Анварӣ).- Дар соли сипаригардида ба шуъбаи Шўрои адлия дар вилояти Суғд 787 (соли 2013 — 776) мавод ворид шуданд, ки нисбат ба соли қаблӣ 11 мавод зиёд мебошад.
«Аз рўи маблағҳои боҷи давлатӣ, ҷарима, мусодираи молу мулк ба тариқи маблағҳои пулӣ, товони зарари аз тасарруфи молу мулки давлатӣ ва аз дигар ҷиноятҳо расонидашуда, инчунин даъвоҳои прокурорҳо ва навиштаҷоти иҷроии мақомоти гуногуни давлатӣ судҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд маблағи умумии 7 122 034 (7 532 084) сомониро амалан ба буҷети ҷумҳурӣ рўёнидаанд»,- иброз намуд сардори шуъбаи Шўрои адлия дар вилояти Суғд Маъруф Бурҳониён зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон.
Ҳамзамон Маъруф Бурҳониён аз камбудиҳо дар фаъолияти судҳо, ба монанди дар баъзе судҳо ҷой доштани ҳолатҳои сари вақт тайёр накардан ва ба тарафҳо насупоридани санадҳои судӣ, дар муҳлатҳои муқарраршуда баррасӣ нагардидани парвандаҳои судӣ, омода ва шинос накардани тарафҳо бо санадҳои маҷлиси судӣ ёдрас шуда, зикр намуд, ки камбудиҳои ҷойдоштаро бартараф карда, ҳамзамон парвандаҳое, ки бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла кофтукови судшавандаҳо, таъйини ташхисҳои судӣ, ирсол гардидани супоришҳои судӣ, ҳозир нашудани тарафҳо ва дигар ҳолатҳо муддатҳои тўлонӣ баррасӣ нагардидаанд, диққати ҷиддӣ дода, баррасии онҳоро таъмин менамоянд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






