Суғд: зиёда аз 500 муроҷиат тавассути «Телефони боварӣ»

Январь 10, 2015 10:41

 Хуҷанд, 10.01.2015.  (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад  Шарифзода).- Шурӯъ аз моҳи маи соли 2012 дар назди раёсати ВКД ҶТ дар Суғд  телефони боварӣ амал мекунад, ки сол аз сол теъдоди муроҷиаткунандагон аз тариқи ин алоқа меафзояд. Тавре ки ба хабарнигори мо дар вилояти Суғд  роҳбари  маркази матбуоти Раёсати мазкур дар Суғд Акбар Шарипов иттилоъ дод, дар соли 2014  тавассути «телефони боварӣ»-и Раёсат 505 арзу дархости шаҳрвандон қабул шудааст. 
Аз ин шумора 226 муроҷиат вобаста ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ,  82 -то оид ба содир намудани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандон; 38-то  оид ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандон; 30 арзи миннатдорӣ ба кормандони мақомоти милитсия мебошад.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ шахсан аз ҷониби сардори Paёсат 474 нафар шаҳрванд ва аз ҷониби роҳбарони шуъбаҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 3429 нафар шаҳрванд қабул шудааст.  
 

Январь 10, 2015 10:41

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст