Суғд: зиёда аз 500 муроҷиат тавассути «Телефони боварӣ»
Хуҷанд, 10.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).- Шурӯъ аз моҳи маи соли 2012 дар назди раёсати ВКД ҶТ дар Суғд телефони боварӣ амал мекунад, ки сол аз сол теъдоди муроҷиаткунандагон аз тариқи ин алоқа меафзояд. Тавре ки ба хабарнигори мо дар вилояти Суғд роҳбари маркази матбуоти Раёсати мазкур дар Суғд Акбар Шарипов иттилоъ дод, дар соли 2014 тавассути «телефони боварӣ»-и Раёсат 505 арзу дархости шаҳрвандон қабул шудааст.
Аз ин шумора 226 муроҷиат вобаста ба фаъолияти кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, 82 -то оид ба содир намудани ҷиноят аз ҷониби шаҳрвандон; 38-то оид ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ аз ҷониби шаҳрвандон; 30 арзи миннатдорӣ ба кормандони мақомоти милитсия мебошад.
Инчунин дар давраи ҳисоботӣ шахсан аз ҷониби сардори Paёсат 474 нафар шаҳрванд ва аз ҷониби роҳбарони шуъбаҳои вазорат дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 3429 нафар шаҳрванд қабул шудааст.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






