Тағйироти кадрӣ дар мақомоти шаҳри Хуҷанд
Хуҷанд,21.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тағйироти кадрӣ ба амал омад. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз дастгоҳи раиси шаҳр иттилоъ доданд, ду муовини раиси шаҳри Хуҷанд иваз шуд. Бинобар ба кори дигар гузаштан муовинони раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев ва Маҳмадӣ Давлатов аз вазифа озод шуданд.
Дар маҷлисе, ки дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахр бо иштироки ҳамаи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гашт, мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд Абдумавлон Дадобоев иттилоъ дод, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли равон барои ишғоли вазифаи муовинони раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Мамадҷонов ва Мирзомуқим Очилзода ризоият дода шудааст.
Дар ҳамин замина бо қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода шахсони номбурда ба вазифаи муовинони раиси шаҳри Хучанд таъйин гардиданд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






