Тағйироти кадрӣ дар мақомоти шаҳри Хуҷанд

Январь 21, 2015 09:30

Хуҷанд,21.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дар ҳайати роҳбарикунандаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд тағйироти кадрӣ ба амал омад. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” аз дастгоҳи раиси шаҳр иттилоъ доданд,  ду муовини раиси шаҳри Хуҷанд иваз шуд.  Бинобар ба кори дигар гузаштан муовинони раиси шаҳри Хуҷанд Дадоҷон Абдуллоев ва Маҳмадӣ Давлатов аз вазифа озод шуданд.
Дар маҷлисе, ки дирӯз дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шахр бо иштироки ҳамаи роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони маҳаллаҳо ва фаъолони шаҳри Хуҷанд таҳти раёсати раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гашт, мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи раиси вилояти Суғд Абдумавлон Дадобоев иттилоъ дод, ки дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 январи соли равон барои ишғоли вазифаи муовинони раиси шаҳри Хуҷанд Маъруф Мамадҷонов ва Мирзомуқим Очилзода ризоият дода шудааст. 
Дар ҳамин замина бо қарорҳои дахлдори раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода шахсони номбурда ба вазифаи муовинони раиси шаҳри Хучанд таъйин гардиданд.

Январь 21, 2015 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд