Таҳияи Қарор «Дар бораи истифодаи чарогоҳҳои мавсимӣ»

Январь 12, 2015 15:19

Душанбе, 12.01.2015. (АМИТ «Ховар», Рафоати Абдулҳамид).- «Дар аввали сол  Кумитаи давлатии идораи  замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабули ҳисоботро  оид ба миқдори  заминҳо  ва тақсимоти онҳо   ба  категорияҳо,  намудҳои  замину  истифодабарандагони он  дар доираи  ҳар як  ноҳия, вилоят ва ҷамъбасти  онҳоро  дар миқёси ҷумҳурӣ  то 1-уми январи соли 2014   ба охир  расонида, ба  вазорату  идораҳои  дахлдор мувофиқа карда,  барои баррасӣ  ва  тасдиқ  ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки он аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тасдиқ гардид»,- гуфт имрӯз  зимни нишасти матбуотӣ раиси кумитаи мазкур  Маҳмадтоҳир Зокиров. 
Ҳамчунин кумита  лоиҳаи  Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро «Дар бораи  истифодаи  чарогоҳҳои  мавсимӣ» баъди такмил ва  мувофиқа бо вазорату идораҳои  дахлдор  ва  мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо  ва шаҳру  ноҳияҳо,  такроран тибқи супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  барои  баррасӣ ва тасдиқ  ба Ҳукумати ҶТ равон кард.
 
 

Январь 12, 2015 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид