Таҳсили геологҳои тоҷик

Январь 6, 2015 12:23

Душанбе,  06.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- Сарраёсати  геологияи  Тоҷикистон  ба  манзури   тарбияи  коршиносон  барои  таҳлили  минералҳо ва  арзёбии  иқтисодии  онҳо  дар  асоси  Ёддошт бо пажӯҳишгоҳи  федералии  улуми  геологӣ ва   захираҳои табиии  Олмон  курсҳои омӯзиши  арзёбии  иқтисодии  ашёи  хоми  минералиро   ташкил  намуд. Соли  2014  дар  ин   курсҳо  10  нафар  мутахассисони  Сарраёсати  геология  фаъолият  доштанд. 
Сардори Сарраёсати  геологияи   назди  Ҳукумати  ҶТ  Мурод  Хол Ҷумъазод  дар  ҷараёни  нишасти  матбуотӣ  аз  рӯи  натиҷаи  фаъолият тайи  соли  2014,  ки  имрӯз,  6  январ  баргузор гардид,  дар  ин  бора  хабар  дод. 
Дар  нишасти  матбуотӣ   зикр  шуд, ки  дар  асоси Ёддошти  байни  Сарраёсати геологияи  Тоҷикистон  ва Хадамоти геологии  Финляндия тибқи  лоиҳаи «Рушд ва омӯзиши  захираҳои табиӣ ба  манзури  беҳдошти некӯаҳволии Тоҷикистон» қитъаи  геологии Осиёи  Марказӣ  ва  равандҳои  геологии он таҳлилу таҳқиқ мешавад. Ғайр  аз  ин мутахассисони  ҷавони Сарраёсати  геология  дар  ҳошияи  лоиҳаи  мазкур  дар  Финляндия  таҳсил  намуданд.
Дар  давраи  ҳисоботӣ  дар  асоси Созишномаи байни хадамоти  геологии Вазорати захираҳои  маъдани  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  ва Сарраёсати  геологияи  Тоҷикистон  барои таҳқиқи  геологии  минтақаҳои сарҳадии Тоҷикистону  Чин  корҳои  судманд  анҷом дода шуданд, ки  дар  ҷараёни онҳо  геологҳои  Тоҷикистон  ширкат  доштанд.

Январь 6, 2015 12:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст