Таъиноти кадрӣ
Душанбе, 2.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ ба амал овард.
Пирмадхон Зарифӣ бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон озод карда шуд. Ба ҷойи ӯ Тоҳирхон Амиршоев раиси ноҳияи Муъминободи вилояти Хатлон таъин гардид.
Убайдулло Абдуллоев аз вазифаи раиси ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон озод карда шуда, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддин Румии ҳамин вилоят таъин гардид.
Дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон Раҳматулло Сафарзода иҷрокунандаи вазифаи раис таъин шуд.
Маҳмадраҳим Исмоилзода бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз мансаби иҷрокунандаи раиси ноҳияи Ҷалолиддин Румии вилояти Хатлон озод карда шуд.
Саидумрон Абдураҳмонзода аз вазифаи раиси ноҳияи Рашт озод карда шуда, иҷрокунандаи раиси ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон таъин гардид.
Дар ноҳияи Рашт бошад Қаноатшо Лоиқов иҷрокунандаи вазифаи раис таъин карда шуд.
Раиси қаблии ноҳияи Қубодиён Саъдулло Бекназарзода аз ин вазифа озод карда шуд.
Ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҷиҳати таъини Риоев Нуралӣ Раҳмоналиевич, ки Сардори Раёсати кор бо мақомоти идоракунии маҳалли Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекард ба мансаби муовини якуми Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Назришоев Тоҷиддин Нуралишоевич собиқ Сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба мансаби муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон розигӣ доданд.
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






