Таъмини саросарии аҳолӣ дар соли 2015 бо ҳисобкунакҳои барқӣ
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Манижа Баҳромзода).-Эълон кардани соли 2015 ҳамчун «Соли ҳисобкунакҳои барқӣ» аз ҳадафҳои паст кардани талафоти неруи барқ ва ҳамзамон таъмин намудани тамоми аҳолии Тоҷикистон бо ҳисобкунакҳри барқӣ мебошад. Ин нукта имрӯз, 27 январ зимни нишасти хабарии ШСХК «Барқи тоҷик» зикр гардид. Ба гуфтаи масъулин надоштани ҳисобкунакҳои барқӣ боиси зиёд шудани талафоти неруи барқ гаштааст, ки он 17, 2%-ро ташкил медиҳад. «Аксарият хонаҳои нав мегиранд, баъзеи дигар худро камбизоат мегирад, қисмати сеюм ғайриқонунӣ барқро мегирад, вале ҳисобкунак надоранд»,-зикр намуд Раҳматзода Рустам-раиси ШСХК «Барқи тоҷик» имрӯз зимни нишасти хабарӣ. Роҳбарияти «Барқи тоҷик» иброз дошт, ки нисбат ба кам кардани талафоти неруи барқ дар кишвар чораҳои махсус дида истодаанд.
Ба гуфтаи масъулини «Барқи тоҷик» дар назар аст дар соли 2015 ҳама гуна ҳисобот оид ба пардохти зиёд ва ё ками барқ тавассути ҳисобкунакҳо мушаххас мешавад. Ҳамчунин дар робита ба таъмири дубораи ҳисокунакҳои барқӣ гуфта шуд, ки аз ҷумла сокинони пойтахт метавонанд ба шабакаҳои барқии шаҳр муроҷиат намоянд. «Вақте ки ҳисобкунак аз кор мебарояд, назоратчӣ санад тартиб дода, дар асоси ариза дар озмоишгоҳи шабакаи барқӣ онро таъмир мекунанд», — иттилоъ доданд масъулин.
Дар Тоҷикистон то соли 2014 зиёда аз 1 млн 222 ҳазор муштариёни барқ ба қайд гирифта шудаанд, ки 10%-и онҳо ҳисобкунаки барқӣ надоранд. Ин дар ҳолест, ки тибқи маълумоти «Барқи тоҷик» нисбат ба соли 2013 қарзи аҳолӣ 80 млн сомонӣ зиёд шудааст.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






