Таъмини шаффофияти соддагардонии расмиёти гумрукӣ
Душанбе, 22.01.2014 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).- Дар давраи ҳисоботии соли 2014 226 ҳазору 384 амалиёту расмиёти гумрукӣ тавассути низоми иттилоотии автоматонидашудаи ягона аз коркарди электронӣ гузаштанд.
Тавре ки дар ҳисоботи солонаи Хадамоти гумрук омадааст, дар ин давра 226 384 амалиёту расмиёти гумрукӣ тавассути низоми мазкур аз коркарди электронӣ гузаштаанд, ки аз ин 9165 ҳолат ба содирот, 89 ҳазору 508 ҳолат ба воридот, 3508 ҳолат ба транзити байналмилалӣ, 68570 ҳолат ба транзити дохилии гумрукӣ ва 55633 ҳолат ба расмиёти вуруду хуруҷи воситаҳои нақлиёт рост меояд.
Гуфта мешавад, ки бо мақсади таъмини шаффофият соддагардонии расмиёти гумрукӣ ва ба роҳ мондани декларатсиякунонии электронии молу воситаҳои нақлиёт тавассути низоми иттилоотии автоматонидашудаи ягона, тибқи фармони сардори Хадамоти гумрук ба расмиятдарории гумрукии молу воситаҳои нақлиёт дар шакли электронӣ ба роҳ монда шудааст.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






