Таъмини сохтмончиён бо ҷои кор
Душанбе, 07.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-22 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Русия манъ шудааст, бо ҷойи кори доимӣ дар ҶСК «НБО Роғун» таъмин гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллои Қодирӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Роғун Шомурод Саидов ҳамаи ин шаҳрвандон ихтисоси сохтмончиро доранд.
Тибқи пешниҳоди Раёсати сохтмони асосии ҶСК «НБО Роғун» қариб ҳамаи мутахассисони соҳибтаҷриба, аз ҷумла, ронандагон ва кафшергарони барқӣ, ки дорои собиқаи корӣ мебошанд, бо ҷойи кор таъмин гаштанд.
Дар айни замон бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Роғун масъалаи мазкурро зери назорат қатъӣ қарор додааст.
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба диққати ҳамаи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки шахсони дорои ихтисоси сохтмончӣ имкон доранд барои дарёфти ҷои кор ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Роғун муроҷиат намоянд.








Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид






