Таъмини сохтмончиён бо ҷои кор

Январь 7, 2015 09:58

Душанбе, 07.01.2015 (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-22 нафар шаҳрванди ҷумҳурӣ, ки воридшавии онҳо ба қаламрави Федератсияи Русия манъ  шудааст, бо ҷойи кори доимӣ дар ҶСК «НБО Роғун» таъмин гардид. Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» сухангӯи Хадамоти муҳоҷират Абдуллои Қодирӣ иттилоъ дод.
Ба гуфтаи мудири бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Роғун Шомурод Саидов ҳамаи ин шаҳрвандон ихтисоси сохтмончиро доранд.
Тибқи пешниҳоди Раёсати сохтмони асосии ҶСК «НБО Роғун» қариб ҳамаи мутахассисони соҳибтаҷриба, аз ҷумла, ронандагон ва кафшергарони барқӣ, ки дорои собиқаи корӣ мебошанд, бо ҷойи кор таъмин гаштанд.
Дар айни замон бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Роғун масъалаи мазкурро зери назорат қатъӣ қарор додааст. 
Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ба диққати ҳамаи шаҳрвандони кишвар мерасонад, ки шахсони дорои ихтисоси сохтмончӣ имкон доранд барои дарёфти ҷои кор ба бахши Хадамоти муҳоҷират дар шаҳри Роғун муроҷиат намоянд.
 
 
 
 
 
 
 

Январь 7, 2015 09:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Муассисаҳои таълимӣ ноҳияи Муъминобод ба зимистонгузаронӣ омода карда мешаванд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 21 дараҷа гарм мешавад
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-15) ғолиби дивизиони «D»-и чемпионати ҷаҳон-2026 ва фестивали ФИФА гардид
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
15 СОЛИ СОЗАНДАГӢ. Дар Душанбе ҳамоиши «Созандагони Ватан» доир шуд
Намояндаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар конфронси вазирон оид ба истифодаи технологияҳои кайҳонӣ иштирок намуд
Имрӯз дар ноҳияҳои доманакӯҳи Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши сиёсӣ-маърифатӣ баргузор гардид
Роҳбарони парламентҳои давлатҳои Осиёи Марказӣ дар пояи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ гулчанбар гузоштанд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид