Таъмири иншооти обрасонии ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ

Январь 20, 2015 14:24

Восеъ, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони  Хол).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии мамлакат дар доираи  лоиҳаи «Таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ» ташкили ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро роҳандозӣ намудаанд. Ташкилоти ҷамъиятии Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории вилояти  Хатлон дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ ба ташкили ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об шурӯъ намуд. Чунин ассотсиатсияҳо дар ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ ташкил шуд. Инчунин харитаи ҷамоати деҳот ва нуқтаҳои тақсимоти об таҳия гардида, маблағи ҳаққи истифодаи об муайян гардид. Умед аст, ки ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об минбаъд дар рафъи камбудиҳои соҳа мусоидат хоҳанд кард. Дар марҳилаи дуюми барномаи мазкур заҳбуру заҳкашҳо ва иншооти обрасонии ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ тоза ва таъмир мегарданд.
 

Январь 20, 2015 14:24

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид