Таъмири иншооти обрасонии ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ
Восеъ, 20.01.2015. (АМИТ «Ховар», Сулаймони Хол).- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати кишоварзии мамлакат дар доираи лоиҳаи «Таъмини шуғли аҳолӣ барои устувории хоҷагии қишлоқ ва идоракунии захираҳои обӣ» ташкили ассотсиатсияҳои истифодабарандагони обро роҳандозӣ намудаанд. Ташкилоти ҷамъиятии Маркази дастгирӣ ва рушди соҳибкории вилояти Хатлон дар ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Восеъ ба ташкили ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об шурӯъ намуд. Чунин ассотсиатсияҳо дар ҷамоати деҳоти ба номи Мирзоалӣ Вайсови ноҳияи Восеъ ташкил шуд. Инчунин харитаи ҷамоати деҳот ва нуқтаҳои тақсимоти об таҳия гардида, маблағи ҳаққи истифодаи об муайян гардид. Умед аст, ки ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об минбаъд дар рафъи камбудиҳои соҳа мусоидат хоҳанд кард. Дар марҳилаи дуюми барномаи мазкур заҳбуру заҳкашҳо ва иншооти обрасонии ноҳияҳои Восеъ ва Ҳамадонӣ тоза ва таъмир мегарданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






