Тарғиби тарзи ҳаёти солим дар ДМИТ

Январь 24, 2015 10:17

Душанбе, 24.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Раъно Нусратуллозода).-Дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим ва тарбияи шахсияти ҳамаҷониба ташаккул ёфта майдони варзишӣ, маҷмааи тандурустию варзишӣ, 3 толори варзишӣ ва синфхонаи варзиширо мавриди истифодаи устодону донишҷӯён қарор додаанд. Вобаста ба ин дар донишкада мунтазам чорабиниҳои варзишӣ ташкил  мешаванд. Ин матлабро 22 январ зимни нишасти матбуотӣ ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашурбой Солиев иброз дошт Дар ин замина мувофиқи дархости Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Синои шаҳри Душанбе  бахшида ба  90-солагии мақоми пойтахтро доро гардидани шаҳри  Душанбе ва   таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон миёни донишҷӯёни муассисаҳои олии таълимӣ, коллеҷу литсейҳои касбӣ ва шаҳраку маҳаллаҳои ҳудуди ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баҳри дарёфти  «Ҷоми раиси ноҳия» мусобиқа доир гардид. Дар мусобиқаи мазкур дастаи футболбозони донишкада ҷойи 1-умро ишғол намуд ва сазовори «Ҷоми раиси ноҳия» гардид. Инчунин дар ин давра дастаи баскетболбозони донишкада дар мусобиқаи варзишии ҷумҳуриявӣ, ки миёни вазорату корхона ва муассисаҳои шаҳри Душанбе доир шуд, иштирок намуда, соҳиби Ҷоми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Инчунин 4 нафар донишҷўёни донишкада дар чемпионатҳои ҷаҳонӣ ва ҷумҳуриявӣ ғолиб гардиданд,-зикр намуд Ашурбой Солиев.

Январь 24, 2015 10:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст