Тасдиқи Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар ҶТ барои солҳои 2015-2017
Душанбе, 05.01.2015 (АМИТ «Ховар»).- Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи ислоҳоти судӣ-ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2015-2017 ба имзо расонида шуд. Барномаи мазкур идомаи барномаҳои ислоҳоти судӣ-ҳуқуқии қаблӣ буда, бо назардошти омӯзиши таҷрибаи кишварҳои пешрафт, таҳлили сохтору фаъолияти судҳо, инчунин омӯзиши фаъолияти дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ба фаъолияти судӣ алоқамандбуда таҳия гардида, дар он рушди минбаъдаи қонунгузории мурофиавӣ, такмили сохтор ва фаъолияти Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодӣ, судҳои вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ислоҳоти низоми адолати судӣ нисбати ноболиғон, тадбирҳо оид ба таъмини иҷрои санадҳои судӣ, такмили сохтор ва фаъолияти иҷрочиёни суд, тақвияти расонидани ёрии ҳуқуқӣ ба аҳолӣ, баланд бардоштани сифати ташхисҳои судӣ – ҳуқуқӣ, таъминоти моддӣ-техникии судҳо, ҳифзи иҷтимоии судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, инчунин самтҳои дигари фаъолиятӣ ҳокимияти судӣ пешбинӣ карда шудааст.Ба Барнома нақшаи фаъолият замима гардидааст, ки дар он номгӯи чорабиниҳо, мӯҳлат ва масъули иҷро мушаххас муайян карда шудаанд.Барномаи мазкур барои таҳкими минбаъдаи адолати судӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилотҳо, тақвияти пешгирии ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ равона карда шудааст.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






