Ташвиқи сулҳ дар Китобхонаи миллӣ
Душанбе, 31.01.2015 (АМИТ «Ховар» Ҳотами Шариф).- «Мо толиби сулҳем»- таҳти чунин унвон як маҳфили бошукӯҳе дар Китобхонаи миллӣ бо ширкати муштариёни китобхона ва аъзои фаъоли маркази таълимии «Самира» доир гардид. Дар ҷамъомад муовини директори китобхона Ҳуринисо Ализода бахшида, дар бораи аҳамияти сулҳу ваҳдат, ҳамдилию ҳамдигарфаҳмии халқҳо сухан ронд. Сипас аҳли маҳфил филми банаворгирифтаи коргардони англис Джерими Гили «Як рӯзи сулҳ»-ро тамошо карданд.
Филми мазкур соли 2001 аз ҷониби СММ қадрдонӣ гардида, 21 сентябр рӯзи «Сулҳи ҷаҳонӣ» эълон гашт. Ин рӯз рӯзи якдигарфаҳмӣ, якдилӣ, хотима гузоштан ба зӯроварӣ ва даст кашидан аз яроқ мебошад. Аъзои маҳфил дар як лаҳза тавассути таҷҳизоти муосир Skype бо коргардони англис мулоқот намуданд. Баъдан ширкаткунандагон бо узви ташкилоти Юнеско, роҳбари маҷмааи байналмилалии «Ҳушман» оғои Муҳаммадрофеъ Содиқӣ аз кишвари Эрон мусоҳиб гардида, роҷеъ ба сулҳу амният мубодилаи афкор намуданд.
Воқеан дар ҳамин рӯзҳое, ки дар баъзе манотиқи ҷаҳон оташи ҷангу ҷидол аланга мезанад, боз ҳам муттаҳидтар ва пурзӯр шудани ҳаракати сулҳхоҳони ҷаҳон хеле зарур аст, зеро фош кардани чеҳраи манфури ҷангҷӯён вазифаи асосии сулҳхоҳон аст.








НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид






