Таъсиси «Фонди беҳдошти замин»

Январь 19, 2015 15:21

  Душанбе, 05.01.2015 (АМИТ «Ховар», Манижа  Баҳромзода).- Барои амалӣ намудани қарори Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати мелиоративии заминҳо аз ҷониби  Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ нақшаи чорабиниҳо  тартиб  дода  шудааст. Аз ҷумла  ба иттилои ниҳоди мазкур дар назар ҳаст, ки «Фонди беҳдошти замин»  таъсис дода шавад. « Ин фонд дар оянда фақат барои беҳдошти замин ва барқарорсозии он фаъолият менамояд»,-иброз дошт Ҳасанзода Ҳомид, директори Агентии беҳдошти замин  ва обёрии назди Ҳукумати кишвар имрӯз, 19 январ зимни нишасти хабарӣ.
         Ба  гуфтаи мавсуф  фонди мазкур инчунин метавонад аз ҳисоби маблағҳое, ки аз ҷониби  Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ  барои заминҳо ҷуброн мешаванд, истифода барад, ки ин 85%-ро ташкил медиҳад. Ҳасанзода Ҳомид иброз дошт, ки фонди мазкур метавонад дар оянда вазъи мелиоративии заминро беҳтар намояд.   «Фақат дар ҷумҳурӣ аз ҳисоби ғайриқаноатбахш будани  ҳолати мелиоративӣ то 4 000 гектар  замин  аз ҳисоби баланд будани шӯрнокӣ истифода намешавад»,-илова намуд  директори Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ. 
        Соли  2014  ҳолати мелиоративии зиёда аз 10  748 гектар  замини Ҷумҳурии Тоҷикистон  беҳтар шудааст. Дар назар аст барои «Фонди беҳдошти замин»  инчунин соҳибкорони ватанӣ ва инвеститсияҳои хориҷӣ ҷалб шаванд.
 
 
 

Январь 19, 2015 15:21

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид