Таъсиси маҷаллаи ҷадид барои донишҷӯён

Январь 16, 2015 10:22

Душанбе, 16.01.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-«Раёсати донишгоҳ тасмим гирифта, ки маҷаллаеро таъсис диҳад, то дар он танҳо осори барҷаста ва гаронарзиши адибони хориҷӣ  интишор ёфта, асарҳои нигорандагон бояд аз ҷониби донишҷӯён тарҷума гарданд». Дар ин бора ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ  Носирҷон Салимов дар нишасти матбуотӣ  иттилоъ дод. Дар такя бар қавли мавсуф, дар таълимгоҳ забонҳои олмонӣ, фаронсавӣ, кореягӣ, англисӣ  омӯзонида мешаванд ва муҳассилини ин риштаҳоро мебояд ба тарҷумаи осори мондагору пурҳикмати нависандагону шуарои бурунмарзӣ  машғул шаванд. Ҳадаф аз интишори маҷаллаи ҷадид ба кори тарҷумонӣ  ҷалб намудани толибилмон мебошад. Ректор изҳори итминон кард, ки бо ин васила ҳатман тарҷумонҳои хуберо метавонем тарбия намоем.  
Сарвари донишгоҳ дар посух ба суоли рӯзноманигорон доир ба фаъолият ва нақшаҳои минбаъдаи нашрияи «Омӯзгори ҷавон» зикр намуд, ки банду баст, фарогирии мазмуну муҳтаво ва баррасии мавзӯот дар ин ҷарида ба таври дилхоҳ ба роҳ монда шудааст. Алъон маъракаи обуна ба нашрия миёни муҳассилини шуъбаи ғоибона ҷараён дорад ва ҳайати эҷодиро зарур аст, ки дар 40 фоизи саҳифаҳои газета мақолотро барои ғоибхонон ба табъ расонад.  Раёсати донишгоҳ ба нақша гирифтааст, ки матбааи таълимгоҳро такмил бахшад. 
Дар қисмати дуюми нишасти матбуотӣ рӯзноманигорон бештар ба масоиле, чун ба ҷои кор ҳозир нашудани мутахассисони ҷавон, вазъи омоданамоии кадрҳои баландихтисос, раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён ва забондонии омӯзгорону толибилмон дахл карда, ба суолҳои хеш посухҳои қаноатбахш гирифтанд. 

Январь 16, 2015 10:22

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид