Татбиқи 15 лоиҳаи сармоягузорӣ дар бахши нақлиёт
Душанбе, 27.01.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- «Тайи соли 2014 – ум 15 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш 598 миллион доллари ИМА дар амал татбиқ шуд. Барои амалӣ шудани лоиҳаҳои зикршуда 2400 нафар ҷалб гардид, ки 62 фоизи онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд», — гуфт дар нишасти матбуотӣ вазири нақлиёти ҶТ Хайрулло Асозода.
Вазир зикр намуд, ки дар ин муддат корҳои сохтмонию барқароркунӣ дар 5 иншоот, аз ҷумла сохтмони навбати сеюми роҳи мошингарди Шағон – Зигар, навсозии роҳи мошингарди Данғара – Кангурт, барқарорсозии роҳҳои мошингарди самти нақби «Озодӣ», лоиҳаи харидории техника ва механизмҳо барои нигоҳубини роҳҳои мошингард ба маблағи умумии беш аз 115 миллион доллари ИМА анҷом ёфтанд. Татбиқи ин лоиҳаҳо имкон дод, ки 47,9 километр роҳҳои мошингарди дорои 5 пул ба таври илова барқарор карда шавад.
Ғайр аз ин, дар чараёни татбиқи лоиҳаи сармоягузорӣ барои харидории техника ва таҷҳизоти мавриди зарурати роҳҳо сохтмони ду корхонаи асфалту бетон анҷом ёфт.
«Алҳол дар соҳаи мазкур татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ ба маблағи умумии беш аз 483 миллион доллари ИМА бо ҷалби 1803 нафар кормандон идома дорад, ки 71 фоизи онҳоро шаҳрвандони Тоҷикистон ташкил медиҳанд», — гуфт дар хотима Хайрулло Асозода.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






