Татбиқи кафолатҳои иҷтимоии қонунгузории хизмати давлатӣ
Душанбе, 06.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Ба иттилои Агентии хизмати давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои фаъолият мусоидат ба татбиқи кафолатҳои иҷтимоии муқаррарнамудаи қонунгузории хизмати давлатӣ нисбат ба хизматчиёни давлатӣ мебошад.
-Дар ин масъала агентӣ 39 аризаи шаҳрвандонро оид ба муайян намудани собиқаи хизмати давлатӣ, гирифтани кумакпулии яквақта, мусоидат барои давом додани фаъолият, баромадан ба нафақа, барқарор кардани ҳуқуқу манфиатҳои хизматӣ ва масъалаҳои музди меҳнат омӯхта, дар муҳлати муайяншуда ҷавоб ирсол намуд,-зикр шуд имрӯз дар нишасти матбуотии ин агентӣ.
-474 нафар хизматчии давлатии мақомоти давлатӣ нафақа мегирад, 144 хизматчии давлатӣ бо сабаби ба синни ниҳоӣ расидан аз мансаб озод шуда, дар асоси қонун муҳлати дар хизмати давлатӣ будани 78 нафар хизматчии давлатӣ тамдид шуд,-таъкид шуд дар нишасти хабарӣ.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






