Татбиқи лоиҳаҳо дар Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ

Январь 21, 2015 12:12

Душанбе, 21.01.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки  барои дастгирии соҳа дар назди агентӣ марказҳои идораи лоиҳаҳои “Обёрии заминҳои водии Данғара дар масоҳати 1750 гектар (марҳилаи 2 ва 3)”, “Лоиҳаи дуюми таъмини шуғли аҳолӣ  барои устувории хоҷагии қишлоқ ва захираҳои обӣ”, “Лоиҳаи таъмини устувории ҳавзаи дарёи Панҷ ба таъғирёбии иқлим”, ба маблағи умумии зиёда аз 143,8 млн доллари амрикоӣ тадбиқ шуда истодааст. Азхудкунии маблағҳо аз аввали тадбиқи лоиҳаҳо зиёда аз 81,7 млн доллари  ИМА-ро  ташкил медиҳад.
Дар ин давра аз тарафи Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ ба тарбиятгирандагони мактаб-интернатҳо, хонаи маъюбон, алалхусус мактаб-интернати ноҳияи Шаҳритӯс, ки агентӣ сарпарастии онро ба зимма дорад, ба маблағи 77,3 ҳазор сомонӣ кумаки моддию молиявӣ расонида шуд.
 
 

Январь 21, 2015 12:12

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид