Таваҷҷуҳи ҳукумат ба арзишҳои милливу фарҳангӣ
Душанбе, 23.01.2014 (АМИТ «Ховар», Ситораи Боймурод).- Ҳукумати Тоҷикистон ба инкишофи бонизоми фарҳанг ва махсусан масъалаҳои боло бурдани фарҳанги ҷомеа, эҳтиром ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, эҳёи анъанаву ҳунарҳои мардумӣ, рушди санъату мусиқӣ ва театр таваҷҷуҳи хос зоҳир менамояд,- гуфт Эмомалӣ Раҳмон, Президенти кишвар имрӯз, 23-юми январ зимни ироаи Паёми солонаи хеш ба Парлумон.
Ба гуфтаи мавсуф, ҳукумат дар муддати даҳ соли охир танҳо барои таъмиру таҷдиди ёдгориҳои таърихӣ қариб 3 миллиард сомонӣ равона карда, аксари осорхонаҳо, қасру марказҳои фарҳангӣ, қалъаву шаҳрҳои бостонӣ, мақбараҳои шахсиятҳои таърихиву ирфонӣ ва дигар мероси моддиву маънавии халқамонро навсозӣ намуд.
Вале бояд гуфт, ки бо вуҷуди тадбирҳои то ба ҳол андешидашуда ҳанӯз ҳам баъзе масъалаҳои ҳалталаб, аз қабили костагии фарҳанги гурӯҳҳои алоҳидаи ҷомеа ва гароиши онҳо ба мафкураи бегона мавҷуданд. Инчунин таъминоти муассисаҳои фарҳангӣ бо таҷҳизоту технологияҳои муосир ва амсоли инҳо ҳалли саривақтии худро талаб менамоянд.
Дар ин росто, кинои тоҷик ба рушди ҷиддӣ ниёз дошта, филмҳои ҳозиразамони мустанаду бадеӣ, ки гузаштаву имрӯзро воқеъбинона инъикос намоянд, масъалаҳои муҳими ҳаёти ҷомеаро тасвир созанд ва ахлоқи ҳамидаву анъанаҳои неки халқамонро тарғиб кунанд, кам ба назар мерасанд,- таъкид дошт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.
Ҳамчунин дар ин росто Вазорати фарҳанг, Кумитаи телевизион ва радио ва иттифоқҳои эҷодӣ вазифадор шуданд, ки бо мақсади таблиғи ғояҳои миллӣ, тарбияи зебоипарастӣ ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ ҷиҳати таҳияи асарҳои нави саҳнавӣ ва филмномаҳои таърихӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар баробари ин инчунин Ҳукумати мамлакат вазифадор шуд, ки ҷиҳати инкишофи ин санъати муҳим иҷрои барномаи давлатии рушди кинои тоҷикро таҳлил карда, минбаъд ҳамасола барои эҷоду наворбардории филмҳои нав ва тайёр кардани мутахассисони соҳа маблағҳои махсус пешбинӣ намояд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






