Теъдоди кортҳои пардохт 45,4 фоиз афзуд

Январь 21, 2015 12:30

Душанбе,  21.01.2015. (АМИТ «Ховар»,  Кристина  Эрлих).- Дар  соли  ҳисоботӣ  теъдоди  умумии   кортҳои  пардохти сохти  бонкҳои  кишвар 1  миллиону 107  ҳазору 100 ададро  ташкил  дод, ки  нисбат ба  соли 2013  баробари 45,4  фоиз  зиёд  аст.  Шумораи  соҳибони  кортҳои  пардохт  1  миллиону  70  ҳазору 700  нафарро   ташкил дода, баробари 43,6  фоиз  афзуд. 20  январ дар   нишасти  матбуотии Бонки  миллии  Тоҷикистон  рақамҳои  зикршуда  мисол  оварда шуданд. 
Раиси Бонки  миллии  Тоҷикистон  Абдуҷаббор  Ширинов  дар  нишасти  матбуотӣ   гуфт, ки  мувофиқи  маълумоти  фаврӣ,  дар  ҳамин  давра  фаъолияти  муттасили  низоми  пардохтии  «КОРТИ  МИЛЛӢ»  таъмин  гардида,  шумораи  умумии  иштирокдорони   низоми  мазкур ба 16  воҳид расид. Созмонҳои  қарздиҳандаи   иштирокдорони  низоми  пардохти  миллии «КОРТИ  МИЛЛӢ»  657  ҳазору  599 адад  корти  миллӣ  бароварданд, ки  нисбат ба соли  2013 барогбари  106  фоиз  зиёд  аст. 
Ҳамзамон,  мувофиқи  маълумоти  фаврӣ,  соли  2014  теъдоди  банкомату терминалҳои  электронӣ таносубан 704 ва 1  ҳазору 576 ададро  ташкил дода,  шумораи  банкоматҳо нисбат ба  соли  2013  баробари  156 ва терминалҳои  электронӣ  баробари  494  адад  афзуд.

Январь 21, 2015 12:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид