Тими мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври чорякниҳоӣ

Январь 21, 2015 09:34

Душанбе, 21.01.2014. (АМИТ “Ховар”, Ситораи Боймурод).- Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони то 21-солаи Тоҷикистон, ки дирӯз 20-уми январ дар бозии севумаш дар Ҷоми Иттиҳод-2015 дар Санкт-Петербурги Русия бар дастаи Литва бо ҳисоби 2-1 пирӯз шуд, ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфт. 
Тавре ки дар ин бора Кумитаи миллии олимпии кишвар хабар додааст,  дар ин гурӯҳ дастаи Тоҷикистон бо 6 имтиёз мақоми аввал ва Африқои Ҷанубӣ бо 5 имтиёз мақоми дувумро касб карда, ба чорякфинал баромаданд. Инчунин тими мунтахаби Қазоқистон, ки бо чор имтиёз севум шуд, ба ҳаққи ширкат дар даври ниманиҳоӣ мушарраф гашт.
Аз гурӯҳи «А” дастаҳои Беларус ва Туркманистон, аз гурӯҳи «В” дастаҳои Қирғизистон ва Русия ба даври чорякниҳоӣ роҳ ёфтанд. Рақиби Тоҷикистон дар чорякфинал тими мунтахаби Туркманистон мебошад. Ин бозӣ имрӯз 21-уми январ шурӯъ мешавад.
 
 

Январь 21, 2015 09:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борону барф пешгӯӣ мешавад
«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд